Хабарҳо
ҲХДТ маҳсули мактаби сиёсии Пешвои миллат
Бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзи 9 декабри соли равон дар донишгоҳ ҳамоиши сиёсӣ баргузор шуд. Дар он муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Носирҷон Мирзоев иштирок ва баромад намуд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм кушода, ҳозиринро бо ин ҷашн муборакбод гуфт ва дар бораи ҷойгоҳи ҲХДТ дар майдони сиёсии кишвар истода гузашт.
Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби пешсаф буда, садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан рукнҳои асосии он мебошанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор барномаи худро дар асоси манфиатҳои халқ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ амалӣ намуда, маҳбубияти хоса пайдо намуд. Ҳизб тавонист дар як муддати кӯтоҳ рушди ҳама гуна шохаҳои ҳокимиятро ба маҷрои муайян дароварда, сатҳи некӯаҳволии мардумро боло бардорад.
Сипас Мирзоев Н. баромад карда, аҳли толорро бо 26-солагии ҲХДТ табрик ва Паёми шодбошии Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамҳизбон ироа намуд.
Дар идома аз тарафи устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Иқбол Ҷобиров дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мактаби сиёсии Пешвои миллат» ва Сиёвуш Ҳабибов дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқии ташаккул ва рушди фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» маърӯзаҳо шунида шуд, ки фарогири фаъолияти густурда ва таърихи таъсисёбии ҳизб буд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор, созанда ва ваҳдатофар табдил ёфта, сафи он аз ҳисоби шахсони донишманду ватандӯст ва ташаббускору масъулиятшинос сол ба сол зиёд мегардад. ҲХДТ маҳсули мактаби сиёсии Пешвои миллат мебошад. Мавқеъ ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ҷомеа нуфузи хосса дорад, барои солимии афкори мардум ва ба самти муайян сафарбар намудани онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳадафи аслии ҳизб ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад. Омили асосие, ки дар татбиқи ҳадафҳо нақши калидӣ дорад, қонеъ гардонидани ниёзҳои мардуми кишвар, роҳандозии ташаббусҳо дар бахши иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст, ки мақсади ниҳоии он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад, таъкид доштанд баромадкунандагон.
Дар охир ба чанд нафар устодону кормандони тоза ба сафи ҲХДТ шомилшуда дафтарчаҳои ҳизбӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.
Машҳура Абдуллоева