Хабарҳо
Раванди кор дар хазинаи амалиётӣ дар асоси cанадҳои меъёрию - ҳуқуқии БМТ
Рӯзи 9-уми декабри соли равон семинари илмӣ-назариявӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавӣ дар мавзӯи «Тартиби анҷомдиҳии амалиётҳои интиқолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ» баргузор гардид.
Дар семинар мутахассиси ҶСП «Спитаменбонк» Ҷовид Боймуродов дар мавзӯи «Раванди кор дар хазинаи амалиётӣ дар асоси cанадҳои меъёрию - ҳуқуқии БМТ» маърӯза намуд. Мутахассиси бонк оид ба дастурамали №200 «Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик – бенефитсиар», дастурамали №204 «Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ», дастурамали №211 «Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ», дастурамали №171 «Дар бораи кушодан, аз нав ба расмият даровардан ва бастани суратҳисобҳои бонкӣ аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастурамали №193 «Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастурамали №227 «Оид ба корҳои хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ», дастурамали №168 «Дар бораи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти мизоҷ, меъёрҳои муайян кардани аҳд ва амалиёти шубҳанок, ҳолати муайян намудани амалиёти шубҳанок амалиётчӣ – хазинадор, дараҷаи хавфи баланд ё хавфи паст дар рафти санҷиши лозимии муштарӣ, тартиби гузаронидани амалиётҳои интиқолӣ ва дигар амалиётҳои анҷоммеёфтаи бонк маълумот ироа намуд. Вобаста ба кушодани суратҳособ дар бонк номбурда иброз дошт, ки ташкилоти қарзии молиявӣ хуқуқ надорад барои муштарӣ кушодани суратҳисобҳоро рад намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин радкунӣ аз набудани имконияти ташкилоти қарзии молиявӣ дар хизматрасонии дахлдор ба вуқӯъ ояд.
Дар сурати беасос набастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ, муштарӣ ҳуқуқ дорад мутобиқи тартиби муқарраркардаи конунгузорӣ аз ин амали ташкилоти қарзии молиявӣ шикоят кунад. Ҳамзамон ташкилоти қарзии молиявӣ ҳуқуқ надорад самтҳои истифодаи маблағҳоеро, ки дар суратҳисоби бонкии муштарӣ мавҷуданд, муайян ва назорат намояд, дигар маҳдудиятҳои ҳуқуқи муштариро барои бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ кардани маблағҳояш, ба истиснои тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, муқаррар намояд. Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.