Хабарҳо
Оғози сессияи имтиҳонҳои зимистона дар ДДМИТ
Тибқи фармоиши ректори ДДМИТ аз 05.11.2020 оид ба тартиби гузаронидани сессияи имтиҳонҳои зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 барои донишҷӯён ва магистрантони шуъбаи рӯзона, шурӯъ аз 10-уми декабри соли равон имтиҳонҳо оғоз ёфт. Мувофиқи фармоиш барои магистрантони курси 1 ва 2, инчунин, донишҷӯёни курсҳои 1-ум то 4-уми низоми кретидии таҳсилот давраи баргузории сессияи имтиҳонотии нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 аз 10-ум то 30-юми декабри соли ҷорӣ муқаррар шудааст.
Инчунин, машғулиятҳо ва қабули имтиҳонҳои даври иловагӣ (триместр) барои курсҳои 1-ум ва 2-юми магистрон ва донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 4-уми низоми кредитии таҳсилот аз 4-ум то 14-уми январи соли 2021 дар ҳузури комиссияи имтиҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки тартиби қабули имтиҳонҳо дар донишгоҳ, дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.
Барои магистрантони курси 1 ва 2, инчунин, донишҷӯёни курсҳои 1-ум то 4-ум давраи таътили зимистона аз 2-юм то 31-уми январи соли 2021 муайян шудааст.