Хабарҳо
Иқтисодиёти рақамӣ: муаммо, рушд ва механизмҳои ҳалли он
Санаи 12-уми декабри соли равон дар ДДМИТ конфронсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иқтисодиёти рақамӣ: муаммо, рушд ва механизмҳои ҳалли он», бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Конфронсро ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ намуда, меҳмонон муовини директории Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Раҳмонов, директории фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернетӣ М. Ибодуллоев ва мушовири Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ”- и Вазорати молия Н.Назарбековро ба муассиса хайрамақдам гуфт. Шукрулло Қурбоналӣ зимни суханронӣ гуфт, ки тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар вазифадор шудааст, ки ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ бо истифода аз технологияи муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад. Ҳамчунин, Ҳукумати кишвар вазифадор гардид, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад.
Ректор ёдовар шуд, ки имсол ихтисоси нави иқтисоди рақамиро дар назди кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии ДДМИТ ташкил намуда, онро дар гурӯҳи ихтисосҳои Марказии миллии тестӣ ба қайд гирифтанд. Аз соли таҳсили нави 2021-2022 вобаста ба ин ихтисос довталабонро қабул намуда, дар ин самт донишгоҳ мутахассис тайёр менамояд.
Сипас М. Раҳмонов вобаста ба мавзӯи «Ташаккули рушди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Мавсуф дар маърӯза қайд кард, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда ба ҳукумати электронӣ пайваст. Ҳоло тамоми маълумоти довталабони марказ тариқи электронӣ сурат гирифта, ҳамаи онҳо дар сомона ба шакли электронӣ ҷой дода мешаванд.
Баъдан М. Ибодуллоев оид ба ба мавзӯи «Иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои рушд» баромад намуда, зикр кард, ки шабакаи ҷаҳонии фаъолиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки тавассути платформаҳо, ба монанди Интернет ва шабакаҳои мобилӣ ва сенсор дастгирӣ карда мешаванд. Инчунин, оид ба раддабандии истифодабарандагони интернет, татбиқкунандагони ҳукумати электронӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ сухан гуфт.
Сипас П. Ғафуров, мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ дар мавзӯи «Баҳодиҳии саҳми технологияҳои рақамӣ дар рушди иқтисодӣ» суханронӣ намуд. Дар баромад гуфта шуд, ки усули нави иқтисодиёт дар асоси дониш ва технологияҳои рақамӣ, дар доираи малака ва имкониятҳои нави рақамӣ дар ҷомеа, тиҷорат ва ҳукумат ташаккул меёбанд.
Дар охир, конференсия бо саволу ҷавоб ва баҳсу музокираҳо анҷом ёфт. Ёдовар мешавем, ки конференсия дар ду бахш: «Тамоюли иқтисоди рақамӣ дар шароити муосир» ва «Андозбандӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ» ба кори худ идома дод.