Хабарҳо
Шиносоии донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент аз фаъолияти менеҷерони касбӣ
Бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ДДМИТ ҷиҳати аз бар намудани донишҳои амалӣ, менеҷменти фосилавӣ, автоматикунонии низоми идоракунӣ дар шароити бемории фарогирии COVID-19, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти менеҷерони касбӣ рӯзи 14-уми декабри соли ҷорӣ магистрантон ва донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент ба филиали ҶСК "Ориёнбонк" дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рудакӣ сафарбар гардиданд. Дар доираи сафар магистрантон ва донишҷӯён бо менеҷерони касбии дар бонк фаъолиятдошта вохӯрӣ доир гардид.
Ҳамзамон дарси сайёр ташкил гардид, ки зимни он ҳозирин аз фаъолияти менеҷерони касбӣ огоҳӣ пайдо намуданд ва оид ба нозукиҳои илми идоракунӣ, технологияҳои муосири иттилоотӣ ва иртиботии идоракунии низоми фосилавӣ, идоракунии креативӣ дар амалия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳамоиши дар доираи шартномаи кафедра бо филиали ҶСК "Ориёнбонк" дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рудакӣ амалӣ гардид.
Дар охири ҳамоиш магистрантон ва донишҷӯёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти филиали бонк бо сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Д.Хоҷазода, мудири кафедраи менеҷмент