Хабарҳо
Усулҳои иқтисодии ҳифзи муҳити зист ва коркарди партовҳо
Рӯзи 22-юми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиатшиносӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Усулҳои иқтисодии ҳифзи муҳити зист ва коркарди партовҳо» баргузор гардид. Рустам Яқубов, ассистенти кафедра дар мавзӯи «Саҳми илмҳои табиатшиносӣ дар бартарафсозии мушкилоти экологӣ» баромад намуд.
Номбурда зимни маърӯза гуфт, ки ҳоло яке аз проблемаҳои глобалии рақами дувум, ин мушкилоти экологӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки баҳри аз байн бурдани мушкилоти аср чораҳои заруриро андешем ва мақсади омӯзиши ин мавзӯъ аз он иборат аст, ки мо бояд дар ояндаи наздик чунин вазифаҳоро иҷро намоем: баланд бардоштани маърифати экологии мардум, барқарор намудани мувозинати экологӣ дар табиат ва фавран тағйир додани муносибати инсон ба муҳит, ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, об, ҳаво, замин, олами набототу ҳайвонот, аз методҳои кимиёвӣ ба методҳои биологӣ гузаштан ва танзими истифодаи нуриҳои минералӣ дар асоси талаботи экологию иқтисодӣ ва даст кашидан аз такроран коштани як зироат, ҷорӣ намудани технологияи кампартову бепартов, тозасозии газҳои сӯхта, коркарди роҳҳои истифодаи партовҳо ва кам кардани оқибатҳои зарарноки кори нақлиёт, нигоҳ доштани намудҳои нодири ҳайвонот ва растаниҳое, ки ба Китоби Сурхи байналхалқӣ ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи табиат,инчунин, созмонҳои байналмилалии дахлдор баҳри беҳдошти вазъи экологии кишвар ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд.