Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иқдоми наку дар арафаи Соли нав

Иқдоми наку дар арафаи Соли нав

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирии ҳамаҷонибаи қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ роҳбарияти ДДМИТ ҳамасола ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ кумакҳои моддию маънавӣ мерасонад. 
Ин навбат, дар арафаи Соли нави мелодӣ рӯзи 23-юми декабр аз ҷониби раёсати ДДМИТ иқдоми навбатии хайриявӣ ба мактаб-интернати мазкур сурат гирифт. Аз ҷониби ДДМИТ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ки сарпарастии онро ба зимма дорад, 5 маҷмӯи мизу курсӣ барои ошхона ва як адад таҷҳизоти обгармкунаки барқӣ тақдим карда шуд. 
Ин лавозимотро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Б.Қодирова, сардори Шӯрои бонувон ва донишҷӯдухтарон Т.Умаралиева ва сардори раёсати маъмурию хоҷагидорӣ М.Мирзоолимов ба роҳбарияти мактаб-интернат супориданд. Директори таълимгоҳ Ш.Шодмонов аз кумаку дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуд. 
Дар ҷавоб гуфта шуд, ки роҳбарияти ДДМИТ ин анъанаи некро дар оянда низ идома хоҳанд дод.