Хабарҳо
Дастоварди илмии устодон
Соли 2020 барои устодону олимони ҷавони донишгоҳ соли бобарор буд. Дар охири сол низ се нафар рисолаи номзадии хешро дифоъ намуда, ба дастовардҳои илми тоҷик саҳм гузоштанд. Инак, Зулфиқор Зиёев, ассистенти кафедраи молия санаи 12-уми декабр дар мавзӯи «Финансово-экономические аспекты развития лизинговых отношений в сельском хозяйстве (на примере Республики Таджикистан)» аз рӯйи ихтисоси 08.00.10 – молия, муомилоти пулӣ ва қарз дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-004 – и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии д.и.и., профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит Абдулҳай Қурбонов рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.
Ҳамзамон, Шарофат Фатҳуллоева, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ рӯзи 15-уми декабри соли ҷорӣ дар Шӯрои диссертатсионии Д 047.004.02-и назди Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИҶТ рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Словообразовательная синонимия в таджикском языке (с привличением материалов английского языка)» аз рӯи ихтисоси 10.02.19 – назарияи забон зери роҳбарии Носир Туйғунов, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ бомуваффақият ҳимоя намуд.
Инчунин, Беҳзод Азизқулов, муаллими калони кафедраи молия рӯзи 18-уми декабри соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИҶТ рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Идоракунии ташаккулёбии сармояи молиявӣ дар иқтисоди давраи гузариш (дар асоси маводҳои Тоҷикистон)» аз рӯи ихтисоси 05.13.10 – Идоракунӣ дар низоми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ зери роҳбарии Нурулло Муртазоев, н.и.и., дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ ҳимоя намуд.
Мо Зулфиқор Зиёев, Шарофат Фатҳуллоева ва Беҳзод Азизқуловро бо ин дастоварди илмӣ табрик намуда, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогӣ муваффақият хоҳонем.