Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Озмуни адабии «Ҳофизхонӣ» - тарғибгари абёти классикӣ

Озмуни адабии «Ҳофизхонӣ» - тарғибгари абёти классикӣ

Ҷиҳати ҷалби васеи донишҷӯён ба китобхонӣ, оммавигардонии мутолиаи китоб, гузаронидани озмунҳои шеърхонӣ, барномаи илмӣ-абадӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ рӯзи 24-уми декабри соли равон дар ДДМИТ озмуни адабии «Ҳофизхонӣ» бо иштироки васеи донишҷӯёни шаш факултет баргузор гардид. Иштирокдорон намунаҳо аз ғазалиёти шоири классики форсу тоҷик Ҳофизи Шерозиро бо маҳорати том қироат намуданд. Ба тарзи қироат, шеваи баён ва шарҳи абёти шоир ҳайати ҳакамон - Б.Сафаров, муовини ректор оид ба илм, Е.Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия, А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, М.Раҳмонов, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва Ҷ.Махшул, устоди кафедраи забони русӣ баҳогузорӣ карданд. 
Дар даври донишгоҳии озмун номзадии беҳтарин донишҷӯёни ғазалсаро, ки аз эҷодиёти шоири классики форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ғазалу рубоиҳои зиёд қироат намуданд, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. 
Ёдовар бояд шуд, ки озмун дар ҳошияи «Маҳфили адибони ҷавон»- и назди Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар асоси иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор ва дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст.