Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ…

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ…

Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимон ва ашхоси бепарастор, имрӯз вохӯрии ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода бо 38 нафар донишҷӯи ятими кулл баргузор гардид. 
Ректор аввалан донишҷӯёнро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи илм муваффақиятҳо таманно кард. Ш. Хайрзода афзуд, ки раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардан ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатон яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик мебошад. Ҳукумати мамлакат барои ғамхорӣ ба ятимон ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам овардааст. Ин қишри ҷомеа ҳамеша аз дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳои давлат бархӯрдоранд. 
Ҳамчунин, роҳбари муассиса таъкид намуд, ки имрӯз донишҷӯёни ятими кулл, эҳтиёҷманд, бепарастор ва маъюбон аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. 
Дар идома ҳамчун иқдоми нек дар арафаи Соли нав ба донишҷӯён аз ҷониби ректор кумакҳои пулӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ чанд тан аз донишҷӯён оид ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат ва дастгириҳои пайвастаи раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки маҳз ин дастгириҳост, ки онҳо ба ҳама хоставу ҳадафҳояшон мерасанд аз ягон ҷиҳат камбудӣ надоранд ва худро танҳо ҳис намекунанд.


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg