Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ: натиҷаҳои соли 2020 назаррасанд

ДДМИТ: натиҷаҳои соли 2020 назаррасанд

Рӯзи 29 декабри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон доир гардид, ки дар он ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд. 
Тибқи рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар муддати соли ҳисоботӣ буд. 
Ректор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи таълимгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои соли 2021 вазифаҳоро муқаррар ва масъулини соҳаҳои дахлдоро муваззаф кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид. 
Сараввал ректор дар бораи дастовардҳои соли сипаригардида истода гузашт ва чунин иброз дошт: 
- Новобаста аз паҳншавии пандемияи COVID-19 ва таъсири он ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ тавонистанд дар соли 2020 ба комёбиҳои чашмрас ноил гарданд. Ин, пеш аз ҳама, аз аттестатсияи байналмилалӣ гузаронидани се ихтисоси амалкунанда, аз аттестатсияи институтсионалӣ гузаштани донишгоҳ, ҷорӣ намудани барномаи нави электронӣ дар низоми таълим, чопи китобҳои дарсӣ ва дигар маводи чопӣ (115% иҷроиш), ҳимояи рисолаҳои номзадӣ (20 нафар), бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо 9 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ (3-тои он аз Аврупо), татбиқи лоиҳаи Эрасмус+К2, хатми 84 нафар бо дипломи аълочӣ ва дигарҳо мебошанд, ки аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги сол буда, аз фаъолияти пурсамари раёсати таълимгоҳ ва коллективи меҳнатӣ далолат медиҳад. 
hisobot407.jpgБа таъкиди ректор, имсол иқтидори техникии таълимгоҳ аз ҳисоби таълимгоҳ ва лоиҳаҳои амалкунанда тақвият дода шуда, 47 моноблок, 31 ноутбук, 10 компютер, 14 принтер, 8 тахтаи электронӣ, 7 банер, 2 телевизор ва 3 видеокамера харидорӣ карда шудааст, ки бешубҳа, барои болобурди сифати таълим бетаъсир намемонад. 
Дар баробари пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ ректор, инчунин, аз баъзе камбудиҳое ёдовар шуд, ки барои рушди таълимгоҳ монеа эҷод менамоянд, ба мисли дар сатҳи паст баргузории дарсҳои кушод ва ташрифоварӣ ба машғулиятҳои ҳамдигар, таҳияи силлабусҳои таълимӣ, камбудиҳо дар таҳияи тестҳои имтиҳонӣ, сифати пасти маҳорати илмию эҷодӣ ва норасоӣ дар фаъолияти кории бархе аз кураторон эрод гирифта шуд ва барои ислоҳи камбудиҳо масъулин муваззаф гардиданд. 
Дар охир, Хайрзода Ш.Қ. барои дастгирии иҷтимоии кормандон ва барои таъмини шароити мусоиди иҷтимоӣ аз санаи 1 январи соли 2021 баланд бардоштани музди маошро дар ҳаҷми 15% аз ҳисоби маблағҳои махсус эълон дошт, ки дастгирии ҳамаҷониба ёфт. 
Дар ҷамъбасти масъалаи мазкур Ф. Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва А. Муллоҷонов, сармутахассиси ШМСТ дар музокира иштирок ва фаъолияти яксолаи донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз корҳои дар самти таъминоти иҷтимоии кормандон анҷомдодаи раёсати таълимгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва дар ин баробар, барои пешравии фаъолияти минбаъда фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд. 
Сипас, меҳмони чорабинӣ муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ”-и Вазорати молияи ҶТ М.Идиев ба Хайрзода Ш.Қ., ректори таълимгоҳ ва устодон - Мирзоева Е., Хоҷазода Д. барои ҳамкории судманд Сипосномаи идораи маҷалларо тақдим намуд. 
Баъд аз ин ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. дар боби қадрдонӣ ва сарфарознамоии устодону кормандон сухан карда, барои дастовардҳои бенуқсон дар фаъолияти корӣ дар самти таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ, тарбия, хоҷагӣ ва тиббӣ ба беҳтаринҳо – Улуғов О., Абдувоҳидова Ф., Шомуддинов О., Сафаров И., Садриддинов М., Саломиён Ш., Давлатова М., Бобоқулов А., Ҳакимова М., Тешаева Х., Исмоилов Ғ., Қурбонова Р. мукофотпулӣ ва Ифтихорномаи донишгоҳ тақдим намуд. 
Дар ҷамъбаст ректори таълимгоҳ аҳли толорро бо омад-омади соли нави мелодӣ табрик ва ба ҳозирин саломатӣ, рӯзгори обод ва дастовардҳои навро таманно намуда, дар соли нав фаъолияти аз ин ҳам пурмаҳсул ва масъулиятшиносиро хостор шуд. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Машҳура Абдуллоева