Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Табрикоти солинавии ректори ДДМИТ Хайрзода Ш.Қ.

Табрикоти солинавии ректори ДДМИТ Хайрзода Ш.Қ.

УСТОДОН, КОРМАНДОН ВА ШОГИРДОНИ АЗИЗ! 


Бо самимият ва эҳтироми хоса фарорасии Соли нави 2021-ро бароятон табрику таҳният гуфта, хоҳони онам, ки тансиҳатию хонаободӣ, оромиву осудагӣ, сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгор пайванди ҳамешагии ҳар кадоми Шумо бошад. 
Соле, ки сипарӣ гардид, барои мардуми сайёра ва мардуми шарафманди мо соли вазнин буд. Паҳншавии касалии COVID-19 дар сайёра, ки дар таърих бесобиқа аст, ҳам хисороти иқтисодӣ ва аз ҳама муҳим, талафоти ҷонӣ ба бор овард. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо роҳбарӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ пешравиҳо ба назар мерасанд. 
781713221.gifБоиси ифтихор аст, ки дар ҷамъбасти сол ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ як қатор дастовардҳо ноил гардиданд, аз ҷумла аз аттестатсияи байналмилалӣ гузаронидани се ихтисоси амалкунанда, аз аттестатсияи институтсионалӣ гузаштани донишгоҳ, ҷорӣ намудани барномаи нави электронӣ дар низоми таълим, чопи китобҳои дарсӣ ва дигар маводи чопӣ (115% иҷроиш), ҳимояи рисолаҳои номзадӣ (20 нафар), бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо 9 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ (3-тои он аз Аврупо), татбиқи лоиҳаи Эрасмус+КА2, хатми 84 нафар бо дипломи аълочӣ ва дигарҳо мебошанд, ки аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги сол буда, аз фаъолияти пурсамари раёсати таълимгоҳ ва коллективи меҳнатӣ далолат медиҳад. 
Мусаллам аст, ки ҷамъбасти хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда қувваи тоза мебахшад. Маҳз неруи созандаву фаъолияти эҷодкоронаву ташаббускорона ва муносибати дилсӯзонаву содиқона, шавқу завқ ва рӯҳияи баланди устодон ва насли ҷавон дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва пешравии таълимгоҳ омили асосӣ маҳсуб мегардад ва дорои ин сифатҳо будани ҳар кадоми мо шарти зарурист. 
Умедворем, ки соли 2021 бароямон соли ташаббусу муваффақиятҳои нав ба нав мегардад. 
Бигзор, Соли нав соли бобарору накутарин бошад ва ба хонадони ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, файзу баракат ва суботу хотирҷамъӣ оварад. 


Соли наватон муборак!