Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Технологияи иттилоотӣ дар низоми идораи молияи давлатӣ

Технологияи иттилоотӣ дар низоми идораи молияи давлатӣ

Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷузъи асосии низоми таълимӣ-методии донишгоҳ буда, дар самти тайёр кардани мутахассисони таълимӣ-методӣ, баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон ва хизматчиёни давлатии соҳаи молия фаъолият менамояд. 
Тибқи нақша-чорабиниҳои Марказ дар соли 2021 аз 4 январ то 8 январ семинар-машаварат дар мавзӯи “Технологияи иттилоотӣ дар низоми идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад. Барои иштирок дар семинар омӯзгорони донишгоҳ ҷалб шудаанд. Дар семинар сармутахассиси Вазорати молия Рустам Бобоев ба иштирокчиён дарс мегӯяд. Мақсад аз гузаронидани семинар-машварат ин такмили савияи дониши тахассусии омӯзгорон мебошад. Зимни иштирок дар семинар устодон аз омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони илмию омӯзгории баландихтисос кормандони соҳаи молия мегузаранд. 
Дар семинар-машварат устодон аз кафедраҳои молия, менеҷменти молиявӣ, андоз ва андозбандӣ, назарияи иқтисодӣ, фаъолияти бонкӣ ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт иштирок намуданд. 
Ёдовар бояд шуд, ки дар семинар ташкил намудани курсҳои миёнамуҳлат оид ба таҳлили идоракунии молияи давлатӣ ва маҳаллӣ, арзёбии иқтидор ва имкониятҳои молиявии маҳалҳо яке аз масъалаҳои актуалӣ буда, барои устодони донишгоҳ дар дарсҳои амалӣ зарур ба шумор меравад. 


Ҳ.Носирзода, сармутахассиси МТИ ДДМИТ