Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози семинари усулҳои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ

Оғози семинари усулҳои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ

Бо супориши ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло ва ташаббуси раёсатҳои таълим ва илм ва инноватсия шурӯъ аз санаи 5-уми январ то 4-уми феврали соли ҷорӣ семинари амалӣ-назариявии тарз ва усули гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ барои омӯзгорон гузаронида мешавад. 
Имрӯз зимни оғози семинар муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров гуфт, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории ин семинар ин, пеш аз ҳама, бохабар шудан аз навгониҳои илмӣ, омӯхтани усулҳои нави таълим ва пайдо кардани донишҳои нави иқтисодӣ барои устодони донишгоҳ мебошад. 
Дар рӯзи аввал мувофиқи нақшаи семинар мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, профессор Фирӯз Насриддинов дар мавзӯи «Экономическая теория счастья» баромад намуд. Профессор зимни маърӯза оид ба вазъи кунунии таҳқиқоти «назарияи иқтисодиёти хушбахтӣ», муносибати идеяҳои субъективии шахс дар бораи қаноатмандӣ аз ҳаёти худ, сатҳи хушбахтӣ дар ҷомеа ва нишондиҳандаҳои иқтисодии он маълумот дод. Ҳамзамон, масъалаи таносуби нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, методологияи таҳқиқот дар ин самт, таносуби нишондиҳандаи қаноатмандӣ аз ҳаёти шахс ва самаранокии фаъолияти иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
drs_kf401.jpgЁдовар бояд шуд, ки тӯли як моҳ аз ҷониби мудирони кафедраҳои тахассусии донишгоҳ маърӯзаҳо дар семинари амалӣ-назариявии тарз ва усули гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ хонда мешаванд.