Хабарҳо
Иштирокчиёни семинар-машварати МТИ соҳиби сертификат гардиданд
Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷузъи асосии низоми таълимӣ-методии донишгоҳ буда, дар самти тайёр кардани мутахассисони таълимӣ-методӣ, баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон ва хизматчиёни давлатии соҳаи молия фаъолият менамояд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Марказ дар соли 2021 аз 4 январ то 8 январ семинар-машварат дар мавзӯи “Технологияи иттилоотӣ дар низоми идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад. Барои иштирок дар семинар омӯзгорони донишгоҳ ҷалб шудаанд.
Дар семинар сармутахассиси Вазорати молия Рустам Бобоев ба иштирокчиён дарс мегӯяд. Мақсад аз гузаронидани семинар-машварат ин такмили савияи дониши тахассусии омӯзгорон мебошад. Зимни иштирок дар семинар устодон аз омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони илмию омӯзгории баландихтисос кормандони соҳаи молия мегузаранд. Дар семинар-машварат устодон аз кафедраҳои молия, менеҷменти молиявӣ, андоз ва андозбандӣ, назарияи иқтисодӣ, фаъолияти бонкӣ ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт иштирок намуданд. Семинар басо манфиатнок гузашт ва дар ҷамъбасти он, рӯзи 8-уми январи соли 2021 ба иштирокчиён сертификат тақдим карда шуд.
Тазаккур бояд дод, ки ташкил намудани курсҳои миёнамуҳлат оид ба таҳлили идоракунии молияи давлатӣ ва маҳаллӣ, арзёбии иқтидор ва имкониятҳои молиявии маҳалҳо масъалаҳои мубрамро фаро гирифта, баҳрабардорӣ аз ин мавзӯъҳо барои устодони донишгоҳ ҷиҳати самаранокии дарсҳои амалӣ зарур ба шумор меравад.
Ҳ. Носирзода, сармутахассиси МТИ ДДМИТ