Хабарҳо
Ҳисоботи КИИ “Молия ва иқтисод”- и ҲХДТ
Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 рӯзи 12-уми январ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе И.Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе З.Файзуллозода ва раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” Ш.Хайрзода маҷлиси КИИ “Молия ва иқтисод” баргузор гардид.
Дар кори маҷлис сараввал гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” оид ба фаъолияти КИИ дар соли 2020 шунида шуд. Раис Шукрулло Хайрзода зимни гузориш гуфт, ки соли 2020 аз ҷониби КИИ «Молия ва иқтисод» як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Дар соли сипаришуда ду маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор кардани ин маъракаҳои муҳимми сиёсӣ дар назди КИИ гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, мобилӣ ва ташаббускор аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» таъсис дода шуданд, ки сарбаландона вазифаашонро иҷро карданд. Ҳамчунин, Ш.Хайрзода илова дошт, ки ҳоло КИИ «Молия ва иқтисод» 1254 аъзо дорад, ки аз ин шумора 400 нафар занон ва 900 нафар донишҷӯён мебошанд.
Дар идома И.Мирзозода дар баромади худ таъкид дошт, ки имрӯз ҲХДТ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. Ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб, ки ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ин ҳадафҳои бузург маҳсуб меёбад, вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.
Сипас аз рӯи рӯзномаи маҷлис нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” барои соли 2021 тасдиқ гардид.
Дар интиҳо ба устодони донишгоҳ А.Қаландаров, Б.Сатторов, И.Неъматов, Н.Назарова, И.Аҳадов, М.Диловаров ва А.Сафаров Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тақдим ва ба М.Исайнова, Ш.Қурбонова, Б.Давлатов, Ҳ.Файзуллоев, Ҳ.Носирзода, Ф.Сайфиддинов, Б.Давлатов, М.Назирмадова шаҳодатномаи узвияти ҲХДТ супорида шуд.