Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Семинарҳои илмӣ-методӣ оғоз гардиданд

Семинарҳои илмӣ-методӣ оғоз гардиданд

Шурӯъ аз рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ баргузори семинарҳои илмӣ-методии назди кафедраҳои ДДМИТ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 оғоз гардид. 
Рӯзи аввал зимни ифтитоҳи семинар сардори раёсати илм ва инноватсия Е.Мирзоева оид ба афзалиятҳои баргузории семинарҳои илмӣ дар назди кафедраҳо аз ҷониби устодони ботаҷриба сухан гуфт. Номбурда афзуд, ки ҳадаф аз бароҳмонии семинарҳои илмӣ-методӣ ин баланд бардоштани маҳорати дарсдиҳии устодон ҳангоми машғулиятҳои назариявӣ-амалӣ бо донишҷӯён ва ҷалби устодони ҷавон ба пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. 
Сипас профессори кафедраи забони тоҷикӣ Н.Аслонова дар мавзӯи «Калимаҳои иқтисобии русӣ дар ашъори баъдиинқилобии Садриддин Айнӣ» баромад намуд. Мавсуф оид ба истифодаи калимаҳои иқтибосӣ дар эҷодиёти устод Айнӣ, ки баъд аз Инқилоби Октябр навишта шудаанд, ба ҳозирин маълумот дода, қайд намуд, ки бо таъсири ин инқилоб калимаҳои русӣ низ ба истифодаи оммаи васеи аҳолӣ ва адибону олимон ворид гардид, ки ин раванди маъмулӣ мебошад. 
Ёдовар бояд шуд, ки семинарҳои илмӣ-методӣ аз 11-ум январ то 19-уми майи соли равон дар назди кафедраҳои донишгоҳ гузаронида мешаванд ва мавзӯъҳои рӯзмарраи илмиро фарогиранд. 


Раҳимзода Н.