Хабарҳо
Ташкили курси омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ дар ДДМИТ
Вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон дар давоми таътили зимистона курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши истифодаи технологияҳои нави муосир дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯзи 13-ум то 22-юми январ дар ДДМИТ гузаронида мешавад.
Барномаи курси даҳрӯзаи омӯзиши технологияҳои информатсионӣ намунавӣ буда, аз фанни технологияи иттилоотӣ дар ҳаҷми 40 соат тартиб дода шудааст. Мақсади асосии барнома баланд бардоштани маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги техникӣ ва такмил додани донишу истифода аз технологияҳои муосири таълим, усулҳои нави инноватсионии таълим, масъалаҳои муҳими афкори нави техникӣ ва ғояҳои асосии омӯзиши фарҳанги техникӣ мебошад.
Дар курси омӯзишӣ, ки аз ҷониби устодони ботаҷриба гузаронида мешавад, омӯзгорон, кормандон ва ҳуҷҷатнигорони факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва тахассусӣ иштирок менамоянд.