Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Масъалаи низоми бонкӣ, андоз ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Масъалаи низоми бонкӣ, андоз ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Рӯзҳои 18-19 январ дар идомаи семинари амалӣ-назариявии тарз ва усули гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ барои омӯзгорон Ғ.Ғафуров дар мавзӯи «Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият», К.Камолов дар мавзӯи «Хусусиятҳои суғуртаи исломӣ ва имконияти истифодаи он дар Тоҷикистон», С.Шукуров дар мавзӯи «Сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ва дурнамои он» ва З.Давлатшоева дар мавзӯи «Муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» маърӯза намуданд. 
Зимни баромад маърӯзачиён вазъи низоми бонкӣ, суғуртаи исломӣ (такаффул), сиёсати андозӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
ism401.jpgГуфта шуд, ки ташаккули низоми бонкдории ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият муяссар гардид, ки он дар рушди иқтисодии мамлакат ҳамарӯза саҳм мегузорад. Хусасан, бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ду маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронида шуда, кишвари мо соҳиби пули миллии худ гардид. Инчунин, сиёсати андоз дар мамлакат зина ба зина роҳандозӣ шуда истодааст. То имрӯз дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар тадбирҳои муҳим андешида ва амалӣ шудаанд. 
Илова карда шуд, ки Тоҷикистон ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як қатор созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OӮCD), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд, Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузории зерсохторӣ ва дигар созмонҳои молиявию иқтисодӣ ҳамкориҳои мутақобиларо ба роҳ мондааст.