Хабарҳо
Донишҷӯи ДДМИТ иштирокчии фаъоли озмуни “Ҳофизхонӣ”
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни шаҳрии “Ҳофизхонӣ”, доир ба хондан ва азёд кардани ашъори шоири классики форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмуни «Ҳофизхонӣ» Таманно Нурбекова, донишҷӯи курси якуми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ фаъолона иштирок намуд ва дар ҷамъбасти озмун бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки даври аввали озмуни адабии «Ҳофизхонӣ» ҷиҳати ҷалби васеи донишҷӯён ба китобхонӣ, оммавигардонии мутолиаи китоб, гузаронидани озмунҳои шеърхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ рӯзи 24 декабри соли 2020 дар ДДМИТ баргузор гардида буд.