Хабарҳо
Равзанаи ягона ва нақши он дар содагардонии раёсати гумрукӣ
Санаи 22-юми январ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти гумрук қайд карда мешавад. Вобаста ба ин сана, рӯзи 21-уми январ бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ семинари илмӣ дар мавзӯи “Равзанаи ягона ва нақши он дар содагардонии раёсати гумрукӣ” баргузор гардид.
Дар семинар муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Х. Бобоев, сардори бахши КВД “Равзанаи ягона” Х. Латипов, сармутахассиси КВД “Равзанаи ягона” А. Давлатов, сардори бахши КВД “Маркази равзанаи ягона” дар вилояти Суғд Ш. Шарифзода ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони Россия "Бародарони ҷангӣ"-и 201-ум пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдаҳмад Давлатов иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи семинар, декани факултет Қ. Муқимов кормандони соҳаи гумрукро ба Иди касбиашон табрик гуфта, афзуд ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбии кормандони соҳаи гумрук тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Яке аз онҳо “Равзанаи ягона” мебошад. Механизми «Равзанаи ягона» барои сода гардонидани расмиёти савдои хориҷӣ ва коҳиши хароҷоти корхонаву ширкатҳо ҷорӣ гардидааст.
Ҳамчунин, сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева илова намуд, ки зимни анҷом додани расмиёти амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ҳуҷҷатгузории он тариқи электронӣ сурат мегирад, ки ин амал қаблан бо воситаи коғаз амалӣ мегардид. Ин низом имкон фароҳам меорад, то дар як макон 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятӣ дастрас гарданд.
Дар идома муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Х. Бобоев барои иртиботи пайваста ба раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ кард. Номбурда илова намуд, ки Хадамоти гумрук мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ буда, бо мақсадҳои гумрукӣ татбиқи мустақими вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин менамояд.
Сардори бахши КВД “Равзанаи ягона” Х. Латипов дар мавзӯи “Равзанаи ягона ва нақши он дар содагардонии раёсати гумрукӣ” маърӯза намуд. Зимни баромад Х. Латипов гуфт, ки барномаи ҷорӣ намудани “Равзанаи ягона” самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои панҷ соли наздик оид ба содагардонӣ ва баланд бардоштани самарабахшии расмиёти маъмурӣ дар тиҷорати хориҷӣ, бо роҳи ҷорӣ намудан ва истифодаи системаи электронии коркард ва интиқоли иттилооти мақомоти манфиатдори давлатӣ ва субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро муайян менамояд. Мавсуф илова дошт, ки низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» кори соҳибкоронро то андозае сабук намуда, соҳибкор ҳамин ки худро дар низом ба қайд гирифт, метавонад аз нуқтаи гуногуни ҷаҳон дархости шаклаш ягона ва замимаҳои заруриро ҷиҳати ба даст овардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ тақозо мешаванд, ирсол намояд. Бо анҷом додани ин амал, барнома ба таври автоматӣ вобаста ба намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба мақомоти алоқаманд ирсол менамояд. Ҳаққи хизматрасонии "Маркази Равзанаи ягона"-и Хадамоти гумрук ва мақомоти шомилшударо соҳибкор метавонад тариқи ҳамёни электронӣ пардохт намояд. Бо ин тариқ, пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар вусъат бахшида мешавад. Тавозуни ҳамёни ширкати тиҷоратиро метавонад бо воситаи посттерминалҳои пардохтӣ пурра намояд.
Дар умум, тамоми амалҳои мақомоти ваколатдор, бо назардошти ташхисгоҳҳои молу маҳсулот, тибқи консепсияи ташаккули низом бо роҳи электронӣ ба роҳ монда мешавад. Яъне, ҳисоби ҳаққи хизматрасонии мақомот барои баррасии дархост ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат бидуни дахолати инсонӣ, бо воситаи низом амалӣ мегардад. Дар идома музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. Ҳамзамон, дар анҷоми семинар хизматчиёни соҳаи гумрук ва устодон Х. Бобоев, Х. Латипов, Ф. Давлатов, Ҷ. Иброҳимов, Ҳ. Маҳмадзода, Ф. Далатов, М. Давлатова, С. Абдуллоев ва Қ. Муқимов аз ҷониби намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони Россия "Бародарони ҷангӣ"-и 201-ум пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медал ва Ифтихорнома мукофотонида шуданд.