Хабарҳо
Сабабҳои бавуҷудоӣ ва рушди бахши ғайрирасмӣ дар соҳаи хизматрасонии Тоҷикистон
Рӯзи 21 январ дар кафедраи менеҷмент семинари илмӣ дар мавзӯи «Сабабҳои бавуҷудоӣ ва рушди бахши ғайрирасмӣ дар соҳаи хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Мавзӯи мазкурро дотсенти кафедра А.Ҳомидов баррасӣ намуда, доир ба сабабҳои бавуҷудоии бахши ғайрирасмӣ, фарқият ва хусусиятҳои бахши ғайрирасмӣ, иқтисодиёти сиёҳ ва иқтисодиёти ҷиноӣ, аз он ҷумла таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти расмӣ ва ММД изҳори назар намуд. Инчунин, сабабҳои объективӣ ва субеъктивӣ, омилҳои микроиқтисодӣ ва макроиқтисодӣ ва оқибатҳои рушди бахши ғайрирасмиро мавриди назар қарор дод. Дар идомаи суханронӣ мавсуф қайд намуд, ки хизматрасонии пулакӣ қариб 10% ММД-ро дар соли 2019 ташкил дода, бахши ғайрирасмӣ дар хизматрасони пулакӣ бошад, тақрибан 50 %-ро ташкил додааст.
Дар фарҷом оид ба имкониятҳо ва хатари бахши ғайрирасмӣ суолу ҷавоб сурат гирифт ва барои бартараф намудани ин зуҳурот пешниҳоду хулосаҳои мушаххас ироа гардид.