Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баҳодиҳии аудити самараноки истифодаи воситаҳои давлатӣ

Баҳодиҳии аудити самараноки истифодаи воситаҳои давлатӣ

Рӯзи 20-уми январи соли равон семинари илмӣ-методии кафедраи аудит ва ревизия баргузор гардид, ки дар он дотсент Парвиз Орзуев дар мавзӯи "Баҳодиҳии аудити самараноки истифодабарии воситаҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад намуд. 
Дотсент П.Орзуев оид ба гузаронидани аудит, баҳодиҳии аудити самараноки истифодаи воситаҳои давлатӣ, сохтори аудити дохилӣ, мақсадҳо ва муҳлатҳои аудит маърӯза намуд. Зимни семинар гуфта шуд, ки стандартҳои байналмилалӣ бо мақсади таъмини сифатнокии кор ва мустақилияти аудиторон кори дастаҷамъонаро дар гузаронидани аудит талаб мекунад. Ҳангоми гузаронидани аудити дохилӣ барои роҳбари муассисае, ки мавриди аудит қарор дорад, талаб карда мешавад, ки дастрасиро ба маълумоти зарурӣ таъмин ва барои иҷрои супоришҳои аудиторӣ шароити мусоид фароҳам оранд. 
Дар баробари шурӯъ намудани санҷиш аудиторро зарур аст, ки барои банақшагирии аудит ва мукаммалсозии тартиби гузаронидани аудити самаранок дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорати дохилӣ маълумот ба даст орад. 
Ҳамзамон, ишора шуд, ки мутахассисон барои гузаронидани баҳодиҳии таваккали аудитӣ ва таҳияи тартибҳои аудитории барои то ҳадди имкон паст намудани ин таваккалҳо бояд аз мулоҳизаҳои касбии худ истифода намоянд. 
Ёдовар бояд шуд, ки аудити самараноки низоми ба самти мушаххас равонагардида ин дар алоҳидагӣ нишон додани мақсадҳои аудит мебошад, ки дар партави он имкон пайдо мегардад санҷиши аудиторӣ ва механизмҳои назорат дар низом амалӣ карда шаванд. Аудитор бояд дар низоме, ки нисбати он санҷиши аудиторӣ гузаронида мешавад, мақсадҳои махсуси назоратро муқаррар намояд ва ташаккул диҳад.