Хабарҳо
Бардошт аз тамошои Паёми Пешвои миллат
Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Паёми Пешвои миллатро дар саросари ҷумҳурӣ тавассути оинаи нилгун тамошо намуданд. Аз ҷумла, устодону кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ якҷоя пахши мустақими ҷараёни ироаи Паёми Президенти кишварро тамошо карданд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Паёми Пешвои миллат, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишварро бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, аз тарафи устодону донишҷӯёни ДДМИТ якдилона ҷонибдорӣ гардид.