Хабарҳо
Аз ҷалби сармояи хориҷиву бехатарии озуқаворӣ то бозори коғазҳои қиматнок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ
Рӯзҳои 20-25-уми январ дар идомаи семинари амалӣ-назариявии тарз ва усули гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ барои омӯзгорон М.Буриева дар мавзӯи «Ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ», С.Нуриддинов дар мавзӯи «Нақши сармоягузорӣ дар рушди соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», С.Маъдиев дар мавзӯи «Тавозуни муҳосибӣ, ҳисобҳо, навишти дутарафа ва функсияи таҳлилии онҳо дар замони муосир», Ё.Тилабов дар мавзӯи «Самтҳои ташаккулёбии рушди фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», И.Фасеҳзода дар мавзӯи «Идоракунии давлатӣ дар таъмини бехатарии озуқаворӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ», З.Иматшоев дар мавзӯи «Нақши омор дар тарбияи иқтисодии мутахассисони ҷавон», Р.Қараев дар мавзӯи «Бозори коғазҳои қиматнок: мақсад ва вазифаи онҳо», Д.Хоҷазода дар мавзӯи «Тартиби менеҷмент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равандҳои муосири он» ва Ш.Нуров дар мавзӯи «Самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ: муаммоҳо ва роҳҳои идоракунии он» маърӯза намуданд.
Зимни баромадҳо гуфта шуд, ки аҳамияти сармоягузории дохилӣ метавонад батадриҷ ва ҳамзамон бо афзудани ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ бештар гардад. Омилҳои асосии зиёд намудани ҳаҷми сармоягузориҳо, ин корхонаҳои муштарак бо сармояи хориҷӣ, қарзҳои хориҷии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, грантҳои хориҷӣ, сармоягузориҳои бевоситаи хориҷӣ, таъсиси филиалҳои ширкатҳои хориҷӣ ва истифодаи захираҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ мебошад. Бинобар ин, асоси рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар як давлат ва ҷомеа аз ҷалби сармоя вобастагӣ дорад. Маҳз истифода ва ҷалби сармоягузорон боиси бунёди инфрасохтори зарурӣ мегардад. Ишора шуд, ки сармоягузории мустақим бо шарофати муттаҳидшавии истеҳсолӣ ва илмӣ-техникӣ самаранокии бештари ҳамгироии иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъмин мегардад.
Ҳамзамон, маърӯзачиён таъкид доштанд, ки ба мақсади дастрас намудани ахбороти зарурӣ системаи ҳисобҳои бухгалтерӣ истифода бурда мешаванд. Навишти дутарафа – тарзи инъикоси ба ҳам алоқаманди амалиётҳои хоҷагӣ дар ҳисобҳои бухгалтерӣ ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба фаъолияти аудитӣ таъкид шуд, ки аудитори асосӣ оид ба гузаронидани тафтишоти аудиторӣ ҷавобгарии пурра дорад ва бинобар он, дар рафти тафтишоти аудиторӣ ӯ доимо кори дигар аудиторҳоро тафтиш карда истода, онҳоро бо машваратҳои худ ба гузаронидани тафтишоти хушсифат равона мекунад. Инчунин, ҷиҳати таъмин намудани шаҳрвандон бо маҳсулоти сифатан баланд ва бехатари озуқаворӣ дар доираи барномаҳои махсус таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона гардида, аз оғози соҳибистиқлолӣ то инҷониб даҳҳо барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул карда шудаанд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бозори коғазҳои қиматнок, ин маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ оид ба интишор ва муомилоти қоғазҳои қиматнок дар байни иштирокчиёни он мебошад. Ширкаткунандагони асосии бозори коғазҳои киматнок, ин интишоргар, сармоягузор, миёнаравони фондӣ, ташкилотҳои хизматрасон, биржаи фондӣ, феҳрастбаранда, маҳфуздор, клиринг ва органҳои давлатии танзим ва назорат мебошанд.
Дар охир оид ба самти менеҷмент таъкид карда шуд, ки дигаргуншавии иқтисодиёт ва парадигмаи идоракунӣ аз менеҷерҳои тамоми зинаву соҳаҳо тахассуси баланди касбиро талаб мекунад.