Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иҷрои вазифаҳо талаб карда мешавад

Иҷрои вазифаҳо талаб карда мешавад

Рӯзи 29-уми январ вохӯрии садорати факултети молия ва қарз бо донишҷӯёни фаъоли факулта баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои иштироки фаъолона дар машғулиятҳои дарсии нимсолаи дуюм, таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-истеҳсолӣ, фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотии донишҷӯён ва иштирок дар конфронсу озмунҳои дохилидонишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби декани факултет Амрулло Нурализода барномаи кории таълимӣ, ки тибқи Низомномаи принсипи таҳсилот дар асоси таъсиси кластерҳои инноватсионии таълимӣ ва илмӣ-истеҳсолӣ ба донишҷӯён таълим дода мешавад, маълумот пешниҳод гардид. 
Таъкид шуд, ки ҳар як донишҷӯ уҳдадор аст дар машғулиятҳои аудитории лексионӣ-назариявӣ ва кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии устод аз фанни таълимӣ бо таври ҳатмӣ ширкат намояд. Дар вақти омӯзонидани фанни таълимӣ донишҷуён вазифадоранд, ки мафҳумҳои назариявии асосии фанро аз худ намоянд. Ҳамчунин корҳои амалию мустақилонаи донишҷӯён ба воситаи ҳалли тестҳо, ҳалли мисолу масъалаҳо, пешниҳоди реферату маърӯзаҳо ва ҷавобҳои хаттӣ амалӣ карда мешаванд. 
Аз ҷониби декани факултет даъват карда шуд, ки донишҷӯён фаъол бошанд ва рисолати хешро, ки ташаббускорию доништалабист, бо масъулияти дучанд иҷро намоянд. 


Раҳимзода Н.