Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҷмӯи гурӯҳбандии андозҳо дар Тоҷикистон

Маҷмӯи гурӯҳбандии андозҳо дар Тоҷикистон

Рӯзи 28-уми январ дар кафедраи менеҷменти молиявӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Маҷмӯи гурӯҳбандии андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ассистенти кафедра К.Файзуллоев оид ба гурӯҳбандии андозҳо дар ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намуд. Номбурда қайд кард, ки дар замони муосир яке аз роҳҳои таъмини дороии давлат андозгирӣ аз аҳолӣ ва ташкилотҳои қобилияти андозсупоридошта мебошад, ки бо ин роҳ давлат сиёсати тақсимотро татбиқ мекунад. 
Дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон сиёсати тақсимоти давлат ба ҳамон нигаронда шудааст, ки даромадҳои ҳадди ақал ва аксар бо ҳамдигар наздик карда шаванд. Бо ҳамин мақсад ҳадди ақали музди меҳнат бо таври қонунгузорӣ танзим менамоянд. Мавриди муайян кардани меъёри андоз аз даромадҳои шаҳрвандон ва низому меъёри афзояндаи андоз аз даромад ба роҳ монда мешавад. 
Илова шуд, ки вобаста ба тарзи ситонидани андозҳо, онҳо ба ду намуд - андози мустақим ва андози истеъмолотӣ (ғайримустақим) ҷудо мешаванд. Андози мустақим дар рафти харидани неъматҳои гуногуни моддӣ ва андози ғайримустақим дар рафти масраф гаштани онҳо ситонида мешаванд. Меъёри чунин тақсимот имконияти ба зиммаи истеъмолкунандагон гузоштани андозҳо мебошад. Ин тарз пешбинӣ менамояд, ки супорандаи охирони андозҳои мустақим касест, ки даромад мегирад. 
Дар анҷом оид ба мавзӯи матраҳшуда музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.