Хабарҳо
Вебинари лоиҳаи "Рушди муҳити инноватсионӣ дар ДДМИТ" баргузор гардид
Имрӯз, 30-юми январ конфронс оид ба натиҷагии татбиқи лоиҳа дар мавзӯи «Рушди муҳити инноватсионӣ дар ДДМИТ» дар заминаи лоиҳаи «Ташкили муҳити инноватсионии мактаби олӣ дар асоси татбиқи низоми Болония» дар формати вебинар тариқи барномаи ZOOM баргузор гардид. Дар оғоз ҳамоҳангсози лоиҳа, дотсент Баҳром Сафаров дар мавзӯи «О создании инноватционной среды вуза на основе вредрения Балонского процесса» суханронӣ намуд.
Баъдан дотсент С.Маъдиев дар мавзӯи «О разработке образовательной программы, учебного плана и УМК», дотсент Е.Мирзоева дар мавзӯи «О разработке образовательной программы, учебного плана и УМК» ва профессор Ш.Бозоров дар мавзӯи «О разработке учебников по инновационному направлению» баромад намуда, вобаста ба корҳои назарраси анҷомшуда дар раванди татбиқи лоиҳа ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин К.Циркина ва В.Пишибыла, мушовирони байналмилалӣ аз Академияи гуманитарии Лодзии Лаҳистон ва У.Воҳидов, дотсенти донишгоҳ дар муҳокима фикру андешаҳои худро оид ба лоиҳа баён доштанд.