Хабарҳо
Яке аз нуктаҳои муҳими Паём - масъалаи таъмини амнияти кишвар
Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм қайд намуданд, ки: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем». Вобаста ба ин, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1 феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои тарбиявӣ дар доираи масъалаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Сараввал дарси сиёсӣ-тарбиявиро декани факултет Б.А.Сатторов оғоз намуда, қайд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Сипас, аз рӯи нақша А.Д. Давлатзода -сардори раёсати корҳои тарбиявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон кишваре дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ: андешидани тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳифзи ҳадафҳои амниятиву миллӣ» баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Дар фарҷом эдвайзер оид ба тарбия Ҷовидон Халифазода баромад намуда, қайд намуд, ки шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.