Хабарҳо
Имтиёзҳои андозӣ дар меҳвари Паём
Сиёсати андоз дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат имрӯз хело хуб роҳандозӣ шуда истодааст. Системаи андозу буҷет механизмҳое мебошанд, ки тавассути онҳо давлат ниёзмандиҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро ҳаллу фасл менамоянд. Манфиатҳои миллии Тоҷикистон танҳо дар асоси рушди устувори иқтисодиёт ва фаъолияти самараноки системаи андоз имконпазир мебошад. Оид ба ин мавзӯъ рӯзи 2-уми феврал бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои тарбиявӣ дар доираи масъалаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар оғоз эдвайзер оид ба тарбия Ҷ.Халифазода суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми кишоварзони мамлакатро барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карданд. Имрӯз Ҳукумати кишвар ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтару бештар сохтани имкониятҳо ба соҳаҳои мухталифи кишвар ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Дар ҳамбастагӣ ба онҳо мақомоти андоз дар асоси роҳнамоиҳои Пешвои миллат ҳамасола як қатор имтиёзҳоро ба роҳ мегузорад, ки ин барои беҳтар гардидани фаъолияти соҳибкорӣ нақши муҳим дорад.
Сипас С.Шукуров, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи «Татбиқи ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, масъалаҳои содакунонӣ ва имтиёзҳои андозӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар» баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият тағйиротҳои куллӣ дар тамоми соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ-иқтисодӣ амалӣ шуда истодаанд. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ гузаронидани сиёсати нави иқтисодиро талаб намуд, ки яке аз самтҳои муҳими он сиёсати андоз ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии сиёсати андоз - таъмини буҷет бо захираҳои молиявӣ, барпо намудани шароити ривоҷи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи татбиқи сиёсати андозҳои гуногун мебошад.
Дар охир музокира ва саволу ҷавоб доир гардид.