Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паём омили рушди муносибатҳои дипломатӣ

Паём омили рушди муносибатҳои дипломатӣ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем. Ин нуктаҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш 26-уми январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар шуданд. 
Вобаста ба ин, санаи 1-уми феврал бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес дарси сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид 
Баъдан Сайфулло Сафаров, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ дар мавзӯи «Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ: ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ ҳадафҳо ва роҳҳои татбиқи онҳо» баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Ин масъала дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло дарҷ гардидааст. Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. 
Ҳамчунин гуфта шуд, ки робитаҳои манфиатбахш Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ошно сохта, онҳоро аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд огоҳ менамояд.