Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷанбаҳои иқтисодии Паём баррасӣ гардид

Ҷанбаҳои иқтисодии Паём баррасӣ гардид

Рӯзи 1-уми феврал дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарси сиёсӣ-тарбиявӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат баргузор гардид. Дар дарс декани факултет Қ.Муқимов оид ба ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот пешниҳод намуд. 
Дотсент Қ.Муқимов иброз дошт, ки соли 2020 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, рушди он 9,7 фоизро ташкил намуд. Ҳамчунин аз 293 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 151 номгӯи он таъмин гардида, истеҳсоли 31 номгӯи моле, ки дар соли 2019 истеҳсол нагардида буданд, ба роҳ монда шуд. 
Ҳамзамон илова шуд, ки соли гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид. 
Дар охир, барои тақвияти гуфтаҳои боло баромадкунанда мисолҳои амалие овард, ки рушди иқтисодиёти кишварро таъмин намудаанд.