Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ дар Паём

Таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ дар Паём

Рӯзи 2-юми феврал дар кафедраи назарияи иқтисодӣ семинари илмӣ-амалӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинар устоди кафедра С.Холматова оид ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои хориҷӣ ва содироду воридот суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки соли 2020 таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар соли 2020 дар кишвар 300 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо 6500 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Илова шуд, ки ҷиҳати ду баробар афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 10 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар тадбирҳои ҷоннок андешида шуданд. 
Мавсуф Паёмро дастури раҳнамунсоз дониста, иҷрои тавсияҳои онро барои ҳар як шаҳрванд шарти муҳим маънидод кард.