Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шарҳи паҳлуҳои муҳимми Паём

Шарҳи паҳлуҳои муҳимми Паём

Имрӯз дар толори фарҳангии ДДМИТ бо мақсади тафсири самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сиёсӣ баргузор гардид. Зимни дарси сиёсӣ мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Ғ.Ғафуров паҳлуҳои муҳимми Паёми имсолаи Пешвои миллатро шарҳ дод. Номбурда зимни баромад гуфт, ки чунончи Пешвои миллат зимни ирои Паём қайд намуданд, паёмадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонид. Бо вуҷуди мушкилоти пешомада ҷиҳати пешгирӣ намудани паёмадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шуд. Мавсуф илова дошт, ки барои беҳсозии шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамчунин иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. 
Дар баробари ин соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. 
Дар охир таъкид гардид, ки рушди иқтисодиёти миллӣ аз суботу оромӣ ва сиёсати дурусти бароҳмондаи Ҳукумати мамлакат вобаста аст ва Паём барои он дастуру раҳнамост.