Хабарҳо
Донишҷӯдухтарон ба омӯзиши Паём фарогир шуданд
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳи ДДМИТ ҷиҳати омӯзиши муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии мамлакат аз санаи 26.01.21 сол. масъалаи фармоиши донишҷӯдухтарон ба курсҳои кушоди сиёсӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ карор гирифт. Дар ҳамин доира, аз 1-уми феврал то 7 феврали соли 2021 дарсҳои кушоди сиёсӣ миёни донишҷӯдухтарони донишгоҳ аз ҷониби устодони донишгоҳ, намояндагони вазорату кумитаҳо, ҷомеашиносон ва намояндагони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯъҳои «Нақши занон дар сиёсати давлатӣ», «Занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Ҷалби бонувон ба илм», «Зан - сарвар», «Зан - дипломат», «Зан - соҳибкор» баргузор мегардад.
Санаи 1 феврал дар доираи ин иқдом дарси аввалин дар мавзӯи «Нақши занон дар сиёсат: дирӯз, имрӯз ва фардо» аз ҷониби Таҳмина Умаралиева, раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода гузаронида шуд. Зимни баргузории ин икдом, зиёда аз сесад нафар донишҷӯдухтарон фаро гирифта шуданд. Дар назар аст, ки оянда низ чораҳои муассир дар ин самти кор бо донишҷӯдухтарон аз ҷониби раёсати донишгоҳ амалӣ гардида, раванди фаъолнокӣ ва худташаккулдиҳии донишҷӯдухтарон ба таври мунтазам рушд дода шавад.
Т. Умаралиева, раиси Шӯрои бонувону донишҷӯдухтарони ДДМИТ