Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастури Паём: Татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар

Дастури Паём: Татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар

Санаи 2-уми феврал бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои тарбиявӣ, дар доираи масъалаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати кишвар» гузаронида шуд. Дар он Ҷ. Халифазода - эдвайзер оид ба тарбия, С. Нуриддинов, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, устодон ва донишҷӯёни курсҳои 2-юми ин факултет иштирок доштанд. 
Дарси сиёсӣ-тарбиявиро эдвайзер оид ба тарбия Ҷ. Халифазода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ зикр намуда буданд, ки: “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки тартиби мантиқии системаи саноатикунонии кишварро донем. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон 26-уми январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ба масъалаи рушди саноатикунонии босуръати кишвар диққати аввалиндараҷа доданд. 
Дар идома С. Нуриддинов, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иқтисодӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва роҳҳои рушд» маърӯза намуд. Мавсуф дар баромади худ зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон 26-уми январи соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра, 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 8,8 кишоварзӣ ва 0,8 фоиз гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард. Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода, зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. 
Дар идомаи маърӯза гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ (ҳадафи чоруми стратегӣ) табдил додани ҷумҳурӣ иқдоми қобили мулоҳиза, арзандаи ситоиш ва ҷасурона мебошад. Барои ба кишвари индустриалӣ табдил ёфтан, пеш аз ҳама, мавҷудияти ду омили асосӣ - энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст. Хушбахтона, аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доштанд, иҷро шуданд, ки заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум ба ҳисоб мераванд. Дар эълон гардидани ҳадафи чорум сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешрафта мубаддал кардани кишвар баръало ҳис мекунем. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат, инчунин таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар аст. 
Дар ҷамъбасти семинар доир ба мавзӯи пешниҳодгардида саволҳо аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод гардид ва он бо баҳсу музокира анҷом ёфт.