Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён

Вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён

Рӯзи 6 феврал ҷаласаи васеи садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо волидайни донишҷӯёни курси якум ва дуюм баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи давомоти донишҷӯён дар машғулиятҳо, одобу рафтор, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баррасӣ гардид. 
Декани факултет Қутбиддин Муқимов, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода ва сардори шуъбаи табъу нашр Саъдулло Носиров оид ба робитаи пайвастаи волидон бо садорати факултет ва раёсати донишгоҳ, масъулияти эшон тибқи қонунгузорӣ ва назорати пайвастаи донишҷӯён дар раванди таълиму тарбия суханронӣ намуданд. 
Қайд карда шуд, ки ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки талаботҳои ҷоришударо иҷро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Пас аз ин, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои волидон шунида шуд. 
Дар фарҷом ба як қатор донишҷӯёни фаъол сипоснома аз ҷониби садорати факултет тақдим карда шуд.