Хабарҳо
Устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Паём
Рӯзи 5 феврал бо иштироки васеи донишҷӯёни факултети ҳисобдорӣ ва омор бо мақсади расонидани мафҳум ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сиёсӣ доир гардид.
Б.Ҷӯрахонзода, декани факултет ва И.Фасеҳзода, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ оид ба таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо, ки дар Паём ироа гардид, суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.