Хабарҳо
Баргузории 19 семинари илмӣ-методии назди кафедравӣ дар як моҳ
Тибқи нақшаи семинарҳои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020-2021 дар моҳи январи соли 2021 аз тарафи устодони донишгоҳ 19 семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Дар моҳи январ дар мавзӯъҳои “Калимаҳои иқтибосии русӣ дар ашъори баъдиинқилобии Садриддин Айнӣ”, “Самтҳои асосии фаъолсозии ҷолиби сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, “Иқтидори молиявии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ташкили ҳисобдорӣ ва аудит дар корхонаҳои саноатӣ”, “Масъалаҳои қонунгузории давлатӣ оид ба ҳисобдорӣ ва назорат дар бозори суғуртаи кишвар”, “Танзими давлатии иқтисоди миллӣ: вазифаҳои иқтисодии давлат ва молияи давлатӣ”, “Баҳои омории рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Баҳодиҳии аудити самаранок истифодабарии воситаҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Омилҳои таъсиррасонӣ ба суғуртаи сармоягузорӣ”, “Аҳамияти менеҷменти андоз дар татбиқи сиёсати молиявӣ”, “Масъалаҳои канорӣ аз рӯйи маҷмӯаи ҳалҳои системаи се муодилаҳои дифференсиалӣ бо нуқтаҳои сингулярӣ”, “Таъмини амнияти иқтисоди миллӣ дар шароити пандемия COVID-19”, “Истифодабарии функсияҳои MS Exсel дар ҳалли масъалаҳои эконометрикӣ”, “Ташаккулёбии ҳуқуқи андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Гурӯҳбандии андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Сабабҳои бавуҷудоӣ ва рушди бахши ғайрирасмӣ дар соҳаи хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Таҳлили эконометрикии гаронии андоз дар сатҳи корхонаҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди иқтисодӣ” ва “Дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти кишвар” устодон: Н.Аслонова, Ф.Қудратова, И.Ҷумъаев, З.Раҳимов, Р.Шарипова, И.Фасеҳзода, С.Мирзоев, П.Орзуев, У.Шарипов, А. Бобоқулов, З.Назарова, С.Ганҷибекова, Ш.Сангинова, З.Ҳалимхонов, С.Ҳаитов, К.Файзуллоев, А.Ҳамидов, У.Воҳидов ва С.Холматова баромад намуданд.
Зимни баргузории семинарҳо масъалаҳои муҳими вобаста ба мавзӯи маърӯзачиён дахлдошта, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.