Хабарҳо
Рушди иқтисодиёти кишвар дар Паёми Пешвои миллат
Имрӯз дар факултети ҳисобдорӣ ва омор бо мақсади расонидани мафҳум ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сиёсӣ доир гардид. С.Маъдиев, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, Ё.Тилабов, мудири кафедраи аудит ва ревизия, К.Шодиев, устоди кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва Р.Саидов, муовини декан оид ба илм доир ба паҳлуҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат маърӯза намуданд.
Ишора гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳамзамон, дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.