Хабарҳо
Баррасии фаъолияти ДДМИТ дар назди намояндагони ВАО
Ба хотири иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи густариши раванди рақамикунонӣ ва таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ихтисоси нави иқтисодиёти рақамиро таъсис бидиҳад, ин нуктаро ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ дар ҳузури рӯзноманигорон таъкид дошт.
Сараввал ректори донишгоҳ дар бораи дастовардҳои таълимгоҳ дар соли сипаригардида ибрози назар карда, афзуд, ки дар соли ҷорӣ се ихтисоси амалкунанда аз аттестатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби Сертификати мутобиқат гардиданд, дар доираи Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон модулҳои низоми автоматикунонидашудаи рақамии таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон амалӣ карда шуд, ки таконбахши татбиқи ҳукумати электронӣ мебошад.
Ба таъкиди ректор, имсол иқтидори техникии таълимгоҳ аз ҳисоби таълимгоҳ ва лоиҳаҳои амалкунанда тақвият дода шуда, 47 моноблок, 31 ноутбук, 10 компютер, 14 принтер, 8 тахтаи электронӣ, 7 банер, 2 телевизор ва 3 видеокамера харидорӣ карда шудааст, ки бешубҳа, барои болобурди сифати таълим бетаъсир намемонад.
Хайрзода Ш.Қ., ҳамзамон дар бораи дастгирии иҷтимоии кормандон ва таъмини шароити мусоиди иҷтимоӣ аз санаи 1 январи соли 2021 баланд бардоштани музди маошро дар ҳаҷми 15% аз ҳисоби маблағҳои махсус иқдоми ҳавасмандкунанда номид.
Инчунин гуфта шуд, ки дар соли 2020 дар донишгоҳ корҳои ободонию таҷдид ва сохтмону таъмирӣ ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла сохтмони як бинои замонавӣ идома дорад ва дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Зимни нишасти матбуотӣ ректор вобаста ба фаъолият дар самтҳои таълим, корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ, хоҷагидорӣ, ободонӣ ва вазифаву нақшаҳои ояндаи фаъолияти ДДМИТ ба намояндагони васоити ахбори омма маълумоти муфассал дод.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорони агентиҳои иттилоотии “Ховар”, “Авесто”, рӯзномаҳои “Народная газета”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, ”Паёми Душанбе”, ”Халқ овози”, “Инсон ва табиат”, маҷаллаи “Тоҷикистон”, радиоҳои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе” ва “Овози тоҷик” посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.
Машҳура Абдуллоева