Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муаррифии низоми нави қарзӣ

Муаррифии низоми нави қарзӣ

Санаи 11-уми феврал бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ вохӯрии намояндагони Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» - Умеда Холматова, иқтисодчии департаменти қарзии шуъбаи овердрафтӣ ва Мастура Ёқубова, сардори шуъбаи департаменти қарзӣ бо мудирони кафедраҳо ва устодон доир гардид. 
Вохӯриро декани факултети молия ва қарз А. Нурализода ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории онро ба ҳозирин иброз намуд. Номбурда аз ҷумла зикр кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида донишгоҳ бевосита бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Хусусан, шумораи зиёди хатмкунандагон ва таҷрибаомӯзон ба БДА «Амонатбонк» сафарбар карда мешаванд. Ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони ин бонк бо муассисаи таълимии мазкур бевосита робита доранд. Дар се соли охир ҳамкориҳои мутоқобила бо ин бонк бештар ба роҳ монда шудааст. Ҳайати ДДМИТ имсол 21 нафар донишҷӯдухтаронеро, ки аз шаҳру навоҳии ҷумҳуриявӣ таҳсил намуда, дар давоми хониш аз худ фаъолияти хуб нишон дода, дар чандин озмунҳо ширкат варзидаанд, бо раёсати «Амонатбонк» ба таҷрибаомӯзӣ равона намуд. 
ovrd401.jpg- «Амонатбонк» бонки мардумӣ буда, натиҷаҳои назаррасро доро мебошад ва имкониятҳои зиёди ба худ ҷалб намудани муштариёнро соҳиб аст. Аз ҷониби ин бонк ба раёсати донишгоҳ зимни баррасии фаъолияти он ҳангоми аккредитатсияи давлатӣ баҳои баланд дода шудааст, - афзуд баромадкунанда. 
Дар вохӯрӣ М. Ёқубова, сардори шуъбаи департаменти қарзии БДА «Амонатбонк» гуфт, ки қарзҳои овердрафтӣ ба андозаи то 80 фоизи пешпардохти музди меҳнат ва нафақапулӣ муқаррар карда мешавад ва ҳамчун низоми нави қарзӣ дониста шудааст. Муҳлати ин қарз мувофиқи шартнома аз 1 то 12 моҳро дар бар мегирад. 
Ӯ дар идомаи баромади худ қайд намуд, ки овердрафт аз дигар намуди қарзҳои бонкӣ фарқ мекунад. Фарқ байни қарзи одӣ ва овердрафтӣ ин аст, ки баробари ворид гардидани маблағ ба суратҳисоби мизоҷ қарз низ ба миқдори 80 фисади маоши муштарӣ ба пуррагӣ пардохт карда мешавад. Қарзи овердрафтӣ қарзи бегарав буда, дар ин лоиҳа музди меҳнати мизоҷ ҳамчун гарав ҳисобида мешавад. Инчунин, қарзи овердрафтӣ мисли дигар қарзҳо мақсади ҳатмӣ надорад. Лоиҳаи қарзи овердрафт лоиҳаи музди меҳнат ва нафақа мебошад, ки моҳона 1, 8 фоизро ташкил медиҳад. Шартномаи овердрафтӣ байни бонк ва мизоҷ баста мешавад. Ташкилоте, ки дар он мизоҷ фаъолият менамояд, миёнарав ба ҳисоб меравад. 
Дар охир, доир ба мавзӯи баррасишуда аз ҷониби устодон саволҳо пешниҳод гардид. Бояд гуфт, ки мавзӯъ барои ҳозирин хеле ҷолиб ва ба тарзи оммафаҳм баён гардид. 


Бибиноз Муродалиева