Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ду дастоварди илмӣ дар як рӯз

Ду дастоварди илмӣ дар як рӯз

Бо тавсия ва супориши роҳбарияти донишгоҳ шумораи ҳимояҳои диссертатсияҳои илмии пажӯҳишгарони таълимгоҳ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051-и дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зиёд гардида истодааст. 
Имрӯз, 12-уми феврал дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051-и дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи кори илмии ду унвонҷӯ - Саидхуҷа Махшулов, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ ва Нозанин Бобошерзода, котиби Шӯрои олимони ДДМИТ баргузор гардид. 
Саидхуҷа Махшулов дар мавзӯи «Таъсири қарздиҳии бонкӣ ба самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ» аз рӯйи ихтисоси 08.00.10 - молия, гардиши пул ва қарз таҳти роҳбарии Шариф Раҳимзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимоя намуд. Мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқоти муҳаққиқ ба ҳалли яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва актуалии иқтисодиёти кишвар – субъектҳои кишоварзӣ, тавассути фаъол гардонидани қарздиҳӣ ба воситаи институтҳои молиявӣ ҷиҳати дастрасии сода ва самараноки истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ ба қарз, мувофиқгардонии шароити қарздиҳӣ, зиёд намудани фаъолнокии ташкилотҳои қарзӣ, қарздиҳии имтиёзнок ба субъектҳои кишоварзӣ, инчунин, дастгирии давлатӣ алоқаманд мебошад. 
himya401.jpg

Ҳамзамон, Нозанин Бобошерзода дар мавзӯи «Мукаммалгардонии сохторҳои минтақавии ҳамгироишудаи агросаноатӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)» аз рӯйи ихтисоси 08.00.05. - иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёти минтақавӣ зери роҳбарии илмии Маҳмадалӣ Қурбонзода, номзади илмҳои иқтисодӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дифоъ намуд. Мубрамият ва зарурати баргузории таҳқиқоти илмии пажӯҳишгар барои таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ, на танҳо дар шакли ашё, балки то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ки бевосита ба истеъмолкунанда мерасад, равона шудааст. 
Аҳли устодон ва кормандони ДДМИТ ин ду олими ҷавонро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод гуфта, барояшон комёбиҳои нави эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем. 





Раҳимзода Нуралӣ