Хабарҳо
Вусъату корҳои ободонӣ дар ДДМИТ
Имрӯз, 13-уми феврал баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободу зебо гардонидани маҳаллаҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, гулгашти майдонҳо ва таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд. Дар он устодону донишҷӯён берун аз соатҳои дарсӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар шанбегӣ кормандони хоҷагидорӣ, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, дар умум, зиёда аз 400 нафар аз соати 8-и субҳ то соати 12 аз даромадгоҳи кӯчаи Нахимов ба самти донишгоҳ то кӯчаи Нахимов 64/14 бо гузаргоҳҳояш ва тамоми ҳудуди дохили донишгоҳро тоза карданд.
Шанбегӣ барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи гузаргоҳҳо сурат гирифт. Зимни гузаронидани корҳои ободонӣ ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳо аз партовҳо тоза ва бехи дарахту буттаҳо нарм карда шуд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ДДМИТ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани саҳн ва гирду атрофи он пайваста корҳои ободонӣ гузаронида мешавад.