Хабарҳо
Шарҳи Паёми Пешвои миллат
Рӯзи 12-уми феврал бо иштироки кормандони раёсати маъмурию хоҷагидорӣ оид ба шарҳи ҷанбаҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чорабинӣ баргузор гардид. Дар он Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ суханронӣ намуд. Номбурда гуфт, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ - сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид. Яъне, мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.