Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Раванди буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди буҷетӣ фаъолияте мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ амалӣ карда мешавад. Раванди мазкур ҳамасола аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи сиёсати буҷету андоз ва ҳамоҳангсоз дар байни вазорату идораҳои дахлдор оғоз мегардад. Дар иртибот ба ин, рӯзи 13-уми феврал дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили «Зеҳн» баргузор гардид. 
Дар маҳфил Бобохон Бобоев, муовини сардори Раёсати банақшагирии буҷети давлатӣ ва ҷумҳуриявии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молия ба иштирокчиён вобаста ба раванди таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир бо истифода аз рӯнамо маърӯза намуд. 
Гуфта шуд, ки дар низоми молияи давлатӣ раванди буҷетӣ маҷмӯи чораҳо оид ба таҳия, баррасӣ, тасдиқ, иҷро ва назорати буҷети сатҳи гуногун ва мушаххасро фаро гирифта, ҳамчун қисми таркибию муҳими он эътироф гардидааст. Аз лиҳози иқтисодӣ раванди буҷетӣ ҳамчун раванди муайянкунии даромаду хароҷоти буҷетӣ ва таъмини мувозинати онҳо, сафарбаркунии даромадҳо ва амалӣ кардани хароҷотҳо, инчунин ҳамчун омили таъсирбахши беҳдошти самаранокии механизми молиявӣ баромад менамояд.