Хабарҳо
Нақши сармоягузории хориҷӣ
Рӯзи 13 феврали соли ҷорӣ семинари илмӣ-методии факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор гардид. Дар семинар муаллими калони кафедраи омор Б.Бурҳонов дар мавзӯи “Нақши сармоягузории хориҷӣ ва таҳлили омории он дар рушди минтақаи Хатлон” баромад намуда, самтҳои афзалиятноки сармоягузории хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минтақаи Хатлон баён дошт. Номбурда дар такя бо таҳлилҳои оморӣ иброз дошт, ки дар шароити таъсиргузор будани буҳронҳои иқтисодӣ ва дигар ҳодисаҳои мавҷуда тамоюли сармоягузории хориҷӣ коҳиш меёбад. Вобаста ба ин ҳолат, зарурати дарёфти роҳҳои самараноки ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар пайдо мегардад.
Дар итмом муҳокима ва саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он З.Иматшоев, Н.Солиев ва Р.Саидов иштирок намуда, оид ба мубрамияти мавзӯи баррасишуда ва сатҳи таҳқиқи илмии он фикру андешаҳои худро баён доштанд.