Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нахустҷаласаи Шӯрои варзишгарони ДДМИТ

Нахустҷаласаи Шӯрои варзишгарони ДДМИТ

Рӯзи 13 феврали соли равон бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ нахустин ҷаласаи Шӯрои варзишгарони ДДМИТ баргузор гардид. 
Дар ҷаласа муовини ректор Б.Қодирова, оид ба тарбия ва А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, Ф.Саидов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон бо зиёда аз 60 нафар варзишгарони муассиса мулоқот намуданд. Зимни мулоқот масъулин аз дастовардҳои варзишии донишҷӯён, ки дар рафти иштирок дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд, аз наздик шинос шуданд. Мақсад аз баргузории нахустҷасала, ин ҷалби ҷавонон ва донишҷӯён ба машғул шудан ба варзиш ва иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошад. 
Дар ҷамъбаст ҳар як варзишгар оид ба фаъолияти варзишӣ, дастовардҳо ва нақшаҳои ояндааш маълумот дод.