Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси кушод оид ба омӯзиши феълҳои модалӣ дар забони англисӣ

Дарси кушод оид ба омӯзиши феълҳои модалӣ дар забони англисӣ

Рӯзи 15-уми феврал дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарси кушоди муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Сайлигул Ширинбекова бо донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 1-250103 баргузор гардид. С.Ширинбекова дар мавзӯи «Истифодаи феълҳои модалӣ дар забони англисӣ» феълҳои модалиро шарҳ дод. 
Муаллима зимни дарс чунин баён кард: «Феълҳои модалӣ гуфта, он феълҳоеро меноманд, ки дар алоҳидагӣ қобилияти иҷро намудани вазифаҳои феълро надоранд. Феълҳои модалӣ он вақт вазифаеро иҷро карда метавонанд, ки дар паҳлуяшон феълҳои асосӣ низ истода бошанд. Ба ибораи дигар, феълҳои модалӣ дар алоҳидагӣ маънои пурра ва мафҳуми дурустеро ифода карда наметавонанд». 
Инчунин, ишора шуд, ки дар забони англисӣ феълҳои модалиро “Modal Verbs” ном мебаранд ва ҳар як феъли модалӣ ибораҳои муродифии худро доро мебошанд. 
Дар охир барои омӯзиши бештари донишҷӯён оид ба мавзӯи баррасишуда музокира бо забони англисӣ сурат гирифт, ки дар он дотсент Носир Туйғунов ба донишҷӯён роҳҳои дигари ба осонӣ аз худ кардани забони англисиро қайд намуд.