Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯи мо – ғолиби мусобиқаи «Лижаронии кӯҳӣ»

Донишҷӯи мо – ғолиби мусобиқаи «Лижаронии кӯҳӣ»

Фирдавс Назруллоев, донишҷӯи курси 2, ихтисоси андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ барои ишғол намудани ҷойи якум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Лижаронии кӯҳӣ» байни ҷавонону калонсолон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 13-14-уми феврал дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» баргузор гардид, соҳиби Диплом ва медали дараҷаи якум гардид. 
Лижаронии кӯҳӣ яке аз намудҳои бозиҳои зимистона ба ҳисоб меравад, ки он имсол бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб байни ҷавонону калонсолон гузаронида шуд. 
Ёдовар бояд шуд, ки Фирдавс, инчунин ба намудҳои варзиши гӯштин ва футбол низ пайваста машғул буда, ҷонибдори тарзи ҳаёти солим аст.